Мониторинги сабзиши ниҳолҳо дар ноҳияи Мурғоб
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мурғоб дар мавсими баҳори соли равон барои кабудизоркунии ҳудуди ноҳия аз мавзеи Дузахдараи ноҳияи Шуғнон 5000 адад қаламчаи ниҳолҳое, ки ба иқлими баландкӯҳи ноҳия мутобиқанд, дастраси идораву муассисаҳо, корханаҳо ва сокинони ноҳия гардонида шуд. Қаламчаи ниҳолҳо ба тариқи ҳашари дастаҷамъӣ шинонида шуданд.
Оид ба ҳолати сабзиши ниҳолҳо, мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия вобаста шуда, мунтазам назорат мебаранд. Мониторинги назорати ҷамъбасти аввали моҳи тирамоҳ нишон дод, ки ниҳолҳои шинонидашуда дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар саҳни ҳавлии бинои маъмурии шуъба тайи ду соли охир парвариши сабзавотҳо ба роҳ монда шудааст, ки мақсади асосии чунин озмоишҳо ҷалб намудани таваҷҷуҳи сокинони ноҳия ба парвариши сабзавот дар назди манзилҳои истиқоматӣ мебошад. Соли равон дар саҳни ҳавлии шуъба 4 намуд картошка, шалғам, турб, пиёз ва кабудиҳо кишт карда шуда, ҳосили хуб ба даст оварда шуд. Илова бар ин, шуъба парвариши тухми гулҳои таҳҷоиро ба роҳ монда, дар нақша дорад, ки ояндаи наздик онҳоро дастраси кохонаву идораҳо ва муассисиаҳо гардонад.