Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 794
    08.11.2022
    8 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО)

    Семинари иттилоотӣ дар мавзуи «Баррасии таҳдиди пеститсидҳои куҳна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»           

    8 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҷамъиятии «Пешсаф» ва бо иштироки намояндагони мақомотҳои дахлдори давлатӣ дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе семинари иттилоотӣ дар мавзуи «Баррасии таҳдиди пеститсидҳои кӯҳна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

    Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ва Ҳамоҳангсози Барномаи минтақавӣ оид ба захираҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, рушди устувор, Дафтари минтақавӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Таниа Сантиванез оғоз гардид.

    Муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар шароити муосир масъалаи заҳрхимикатҳо ва заҳрхимикатҳои куҳнашуда хеле муҳим ва ҳалталаб маҳсуб меёбад ва изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар доираи семинари иттилоотӣ дар мавзуъҳои баррасишаванда аз ҷониби мақомотҳои масъул қарорҳои дахлдлор қабул карда хоҳад шуд.

    Ҳамоҳангсози Барномаи минтақавӣ оид ба захираҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, рушди устувор, Дафтари минтақавӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Таниа Сантиванез ба таври рӯнамо доир ба баррасии кори ФАО оид ба «Идоракунии пеститсидҳо ва устувории экологӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Идоракунии давраи ҳаёти пеститсидҳо ва нобудсозии пеститсидҳои ифлоскунандаҳои органикии устувор дар Осиёи Марказӣ ва Туркия маълумот ироа намуд. 

    Оид ба ҳолати Барномаи ҷумҳуриявии идоракунии пеститсидҳои кӯҳна дар Тоҷикистон ва таърихи истифода ва нобудсозии дихлоро-дифенил-трихлорметилметан директори Муассисаи давлатиии “Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувории органикӣ” Абдусалим Ҷураев бромад намуд. Аз ҷониби дигар мутахассисон дар мавзуъҳои “Таъсири пестицидҳои кӯҳна ба саломатии аҳолӣ”, “Муҳимияти маълумотрасонӣ дар бораи хатарҳои пеститсидҳо” ва  “Барӯйхатгирӣ ва тоза намудани партовгоҳҳои хурд дар Тоҷикистон - мушкилот ва дастовардҳо” тариқи рӯнамо баромадҳо намуданд.

    Бо назардошти андешаҳои иштирокчиён дар мавзуъҳои имрӯза тасмим гирифта шуд, ки аз тарафи масъулон то охири соли ҷорӣ боз як чунин вохӯрӣ барпо хоҳад гашт.

    Сайт 1.jpg Сайт 5.jpg Сайт 4.jpg Сайт 6.jpg