Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 864
    Сидқан хушнудам, ки ҳамроҳ бо шумо дар маросими имрӯзаи кушодашавии Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 27-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид

    Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кушодашавии Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 27-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим 7 ноябри соли 2022, Шарм-уш-Шейх, Ҷумҳурии Мисри Араб          

    Муҳтарам иштирокдорон, 

    Хонумҳо ва ҷанобон,

    Сидқан хушнудам, ки ҳамроҳ бо шумо дар маросими имрӯзаи кушодашавии Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 27-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки якумин маротиба дар таърихи бистуҳафтсолаи фаъолияти Конвенсия ташкил шудааст, иштирок менамоям.

    Хуб дар ёд дорам, ки соли 2015 дар Конфронси бистуякуми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Парижи Фаронса Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор уҳдадориҳоро ба души худ гирифта буд.

    Хушҳолам, ки дар як муддати нисбатан кутоҳ мо тавонистем, як қатор ҳуҷҷатҳои стратегиро дар ин самт, аз қабили Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030, Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, Гузориши чоруми миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва Гузориши дусола оид ба газҳои гулхонагӣ, ки аз иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, амалӣ намудем.

    Чи таваре ки маълум аст, иқлим бо тамоми самтҳои иқтисоди давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо дигаргунӣ ворид менамояд.

    Аз нигоҳи мо, яке аз нишондиҳандаҳои асосии раванди мазкур ин обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.

    Пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд ва обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

    Таҳлили тамоюли таъсиррасонии тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ нишон медиҳад, ки агар дар солҳои 60-уми асри гузашта таъминоти солонаи об ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукааб баробар шуда бошад, имрӯз ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол каме зиёд аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.

    Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад.

    Дар ин робита пешниҳод менамоям, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

    Ҳамчунин, мехоҳам бори дигар пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани Бунёди фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода сафарбар намояд, хотиррасон намоям.

    Итминон дорам, ки иқдомҳои мазкур ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ба ҷунбиши нави сатҳи глобалӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурии дастаҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва нобудшавӣ такон хоҳанд дод.

    Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳо ва ташаббусҳоии зиёди дохилидавлатиро аз қабили кабудизоркунӣ, аз андоз, аз арзиши иловашуда ва андози аксиз озод намудани воридоти нақлиёти барқӣ ва рушди соҳаи гидроэнергетика, ки ба пешгирии ҳаҷми зиёди партовҳои газҳои гулхонагӣ равона шудаанд, қабул намуд.

    Дар ин раванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи барномаи миллии кабудизоркуниро ба нақша гирифтааст, ки дар доираи он шинонидани дарахтҳо, буттаҳо ва гулҳо дар саросари кишвар якчанд маротиба зиёд карда мешавад.

    Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро, вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва иҷрои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим шуруъ намуда, ба итмом расонидани он соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон умедвор аст, ки созмонҳои хориҷӣ, донорҳо ва давлатҳои пешрафта дар ҳалли масъалаҳои муҳим оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани партови газҳои гулхонагӣ ва пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо ҳамкории худро минбаъд низ дареғ намедоранд.

    Хонумҳо ва ҷанобон,

    Бо итминони комил гуфта метавонам, ки тамоми масъалаҳои дар Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 27-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим баррасишаванда, ба ташаккули механизми ҳамкориҳо дар самти коҳиш додани таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар минтақа ва сатҳи глобалӣ саҳми сазовор хоҳад гузошт.

     

    Ташаккур.