Маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP27)
7 ноябри соли ҷорӣ бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва элон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва ҷалби бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардонидани соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба тағйирёбии иқлим, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳошияи Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП27) ташкил намуда, маросими ифтитоҳи Павилиони миллӣ бо иштироки ва суханронии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷаноби Янник Глемарек, Директори иҷроияи Фонди Иқлимии Сабз, ҷаноби Петтери Таалас, Котиби генералии Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ ва ҷаноби Алваро Ларио, Президенти Фонди Байналимлалии Рушди Кишоварзӣ баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки Павилиони миллӣ дар ҳошияи конфронси мазкур бори аввал дар даврони истиқлолияти ҷумҳурӣ ташкил гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар Павилиони миллӣ чорабиниҳои канорӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ дар мавзуҳои афзалиятноки миллӣ ва вобаста ба мавзуҳои конфронс дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мегарданд.
Зимни суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Павилиони миллӣ дар ҳошияи Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП27) чунин пешниҳод намуданд:
• Идома додани татбиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ тавассути амалӣ намудани лоиҳаҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар асоси “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”.
• Коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонагӣ дар асоси шакли таҷдидшудаи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда оид ба партовҳои газҳои гулхонагӣ ва ба нақша гирифтани риояи нишондоди қатъии мақсаднок, яъне аз 60 то 70% партовҳои газҳои гулхонагӣ аз сатҳи соли 1990 то соли 2030, ки 21,32-24,87 млн тонна эквиваленти CO₂ хоҳад буд. Дар ҳолати дастгирии молиявии байналмилалӣ, интиқоли технологияҳо ва ҳамкории техникӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба нишондоди ҳаҷми партовҳо аз 50 то 60% аз сатҳи соли 1990 ноил шавад, ки он то соли 2030 метавонад аз 17,76 то 21,32 млн тонна эквиваленти CO₂ -ро ташкил диҳад.
• Идомаи корбарии пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон намудани соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо инчунин, таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва густариши ҳамкориҳо бо Фонди Иқлимии Сабз дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои иқтисодиёти “сабз”.
Бояд қайд кард, ки дар маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид намояндагони Ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб, Котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоти Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ, Фонди Иқлимии Сабз, Фонди Глобалии Экологӣ, Фонди Адаптатсионӣ, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи ҳифзи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Комиссияи Аврупо оид ба масъалаҳои экологӣ, намояндагиҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.