Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 772
    6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Мулоқот бо роҳбари Ширкати мисрии “Elsewedy Electric” Аҳмад Ал-Сувейдӣ

                   

    313432048_509616557875745_1191763367802312086_n.jpg

    6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) роҳбари Ширкати мисрии “Elsewedy Electirc” Аҳмад Ал-Сувейдиро ба ҳузур пазируфтанд.

    Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории судманди Тоҷикистон ва ширкати мисрии “Elsewedy Electirc” баррасӣ гардид.

    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро имкони хуби баррасии дарёфти роҳҳои ҳамкории судманд маънидод карданд.

    Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон фазои мусоид ва имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ мавҷуд буда, минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти босамар доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ширкатҳои муштарак ва дастгирии соҳибкории хурду миёна тадбирҳои созандаро амалӣ месозад.

    Аз ҷониби роҳбарияти Ширкат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай доир ба сохтмони як корхонаи нави трансформаторҳо дар шаҳри Бохтар, як неругоҳи обии барқӣ ва корхонаҳои истеҳсоли кабелҳо ва дигар техникаю таҷҳизот дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ ва алоқа, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, зербиноӣ ва тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои сабз ба мувофиқаҳои пешакӣ расидаанд.

    Зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки “Elsewedy Electirc” аз ширкатҳои калонтарин ва пешқадами минтақа ва ҷаҳон доир ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти муосири соҳаҳои энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ, рақамисозии идораю истеҳсолот ва ғайра мебошад. Дар зиёда аз 50 кишвар корхонаҳои саноатӣ дорад ва гардиши молиявиаш 6 миллиард доллари америкоӣ аст.

    Ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои гуногун ба мисли сохтмони шаҳрҳои ҳушманд, неругоҳҳои барқии обӣ, ҳароратӣ, офтобӣ ва бодӣ, роҳҳои оҳан, минтақаҳои истеҳсолӣ ва паркҳои логистикӣ ва инчунин дар истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ, таҷрибаи фаровон дорад.

    Сарчашма: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    http://www.president.tj/node/29528