Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 634
    11.10.2022
    Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи...

    Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи сеюми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд                                                                                                      

    311572984_1293687814777579_8755935755538044323_n.jpg

    Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи сеюм ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид.

    Дар ҷаласа мудири бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Акбаров Саидимон, сардори Сарраёсат Ҳакимзода Абдуаҳад, сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Дар рафти ҷаласа ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи сеюми соли 2022 шунида шуд.

    Сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва пешрафти фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуд.