Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 784
    15.10.2022
    Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдицгардида аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист...

    Баргузории аксияи “Тозагии маҳал” дар шаҳри Бохтар                                                                                                                 


    Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдицгардида аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон щафтаи сипаришуда бо ҷалби доираи васеи сокинон аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд.

    Дар тадбири мазкур кормандони соҳаҳои маорифу фарҳанг, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, театри вилояти Мусиқь-мазҳакавии ба номи Ато Муҳамадҷонов ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.

    Ширкаткунандагони ин аксияи оммавӣ дар атрофи теппаи таърихии маркази шаҳр, майдоҳони баргузории чорабиниҳои оммавӣ, гулгашту хиёбонҳо ва кӯчаву роҳравҳо амалҳои беҳдоштиро анҷом доданд.

    Дар идомаи тадбири экологӣ, ҳамчунин аз ҷониби мутаҳассисони соҳа дар мавзеъҳои муайяни маркази шаҳри Бохтар гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шуд.

    нарми дарахтон фото.jpg рафти аксия.jpg