Баргузории аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рўдакӣ ҷиҳати беҳдошти муҳити зист, ташаккули фарҳанги экологӣ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа дар коллеҷу муассисаҳои таълимии ноҳияи мазкур давра ба давра суҳбату вохӯрӣ мегузаронад.
Аз ҷумла дар кӯдакистони №1 ҷамоати шаҳраки Сомониён оид ба риояи меъёрҳои экологии аҳлолӣ дар раванди муносибат бо табиат аз тарафи мутахассисони шуъба вохурӣ гузаронида шуд. Дар баробари ин, оид ба беҳтар намудани ҳолати санитарию экологии ҳудуди ноҳия, ҷамоати шаҳраки Сомониён ва деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва “Тозагии соҳил” гузаронида шуд.
Чорабиниҳои мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо ҷалби тақрибан 200 нафар сокинони маҳал гузаронида шуда, 3300м роҳ ва ба масофаи 120 метр соҳил, инчунин роҳҳои пиёдагарду нақлиётгузар аз партовҳо тоза карда шуда, ба миќдори 39 метри мукааб партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Чунин чорабинињои экологӣ бо мақсади ба таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ пайваста гузаронида мешавад.