Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 837
    15.10.2022
    15 октябри соли ҷорӣ дар Боғи фарҳнгу фароғатии ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе...

    Намоиши дастовардҳои Кумита дар фестивал-намоиши маҳсулот Бахшида ба Иди меҳргон                                                                                                               


    15 октябри соли ҷорӣ дар Боғи фарҳнгу фароғатии ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Иди Меҳргон фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор гардид.

    Дар фестивал намоиши мазкур дар баробари дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, дастовардҳои соҳавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти зертобеи он ба маърази тамошо гузошта шуд.

    Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода аз дастранҷи деҳоқонону кишоварзон дидан намуда, ба кори онҳо баҳои сазовор доданд.

    Дастовардҳои дар намоишгоҳ гузошташудаи Кумита аз қитъаи сабз, пахши видеороликҳои тарғиботӣ тавассути экран, насби хаймаҳои егерӣ, маникетҳои кормандони хоҷагиҳои шикорӣ ва макети ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, лабораторияи сайёр, банерҳо бо навиштаҷот дар бораи ҷашни миллии Меҳргон, Китоби сурхи Тоҷикистон, дигар маводҳои нашрии соҳавӣ ва ғ. иборат буд.

    Сокинони пойтахт ва дигар меҳмонон аз намоишгоҳи идона бо рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ баҳравар гардиданд.

    Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки дар фазои идона баргузор гашт ба фаъолони намоиши дастовардҳои беҳтарин Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

    IMG_9201.JPG IMG_9209.JPG IMG_9241.JPG IMG_9247.JPG