Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 864
    12.10.2022
    12 октябри соли 2022 таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии...

    Фаъолияти 9 моҳаи Кумита дар соли 2022 натиҷагирӣ карда шуд                                                                                                  

    IMG_9132.JPG

    12 октябри соли 2022 таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва бо иштироки аъзоёни мушовара, намоянда аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода, муовини раиси Кумита Мавлодод А. М., сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаю бахшҳо, дигар марказу муассисаҳои тобеи Кумита ва мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист оид ба фаъолияти 9 моҳаи Кумита дар соли 2022 ҷаласаи мушовараи Кумита баргузор гардид.

    Аз рӯи масъалаи рӯзномаи ҷаласа муовини раиси Кумита Мавлодод А. М. бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад намуд.

    Ҳамзамон, дар ҷаласа сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ Назаралиев М., Суғд Ҳакимзода А. Хатлон Саидзода И., Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб Соҳибов Қ., Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода Л., ҳамчунин сардорони раёсатҳои назорати давлатии марбутаи дастгоҳи марказии Кумита оид ба фаъолияти сохтори худ дар давраи ҳисоботӣ ба маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуданд.

    IMG_9083.JPG

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. оид ба ҷузъиёти ҳар як самти фаъолияти соҳавии назорати давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, фаъолияти дигар марказу муассисаҳои зертобеи Кумита бо таҳлилу муқоисаҳо баромад намуда, сабабу омилҳои назаррас набудани баъзе нишондодаҳои сохторҳоро дар ҷойҳо аз масъулон пурсон шуд. Қайд карда шуд, ки дар баробари дастовардҳо, инчунин камбудиҳо ба назар мерасанд. Бинобар ин, таъкид карда шуд, ки барои ҷоннок кардани фаъолияти нозирони давлатӣ комиссияи дохилӣ ташкил гардида, дар охири сол фаъолияти нишондодии ҳар як нозири давлатӣ дар ҷойҳо ба тариқи пурсишномаҳои меъёрӣ натиҷагирӣ карда мешавад ва дар сурати нокифоя будани фаъолияти солонаи ин ё он нозир нисбати онҳо чораҳои мушаххас андешида мешавад.

    Дар рафти баргузории ҷаласаи мушовара намоянда аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба масъалаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2028-2028”,тағйирёбии иқлим, омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои босифату саривақтии Барномаҳои давлатӣ, дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ, риояи талаботи ҷории қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дигар қонунгузориҳо, амалигардонии конвенсияҳои экологӣ, ҷамъоварӣ ва безараргардонии фурӯзонакҳои каммасрафи аз истифода баромада, назорату пешниҳоди дурусти хулосаҳо дар самти экспертизаи давлатии экологӣ дар шаҳру ноҳияҳо, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти соҳавӣ суханронӣ намуд.

    Дар охир бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва сохторҳои он дар 9-моҳаи соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори соли 2022 қарори дахлдор қабул карда шуд.