Беш аз 2,5 тонна моҳӣ мусодира гашт
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамкории муштарак бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар давоми 9 моҳи соли 2022 ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар самти олами моҳӣ як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намуданд. Ҳифзи моҳӣ, ки дар қатори дигар масъалаҳои муҳими экологӣ қарор гирифтааст, таҳти назорати давлатӣ мебошад ва дар ҳамкории муштарак бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ин давра ба миқдори 2574 кг моҳӣ мусодира гашт.
Нисбати қонуншиканиҳо протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.