Баргузории «Ярмаркаи байналмилалии SLOW FOOD” дар шаҳри Турини ҷумҳурии Итолиё
Рӯзҳои 21-27 сентябри соли 2022 дар шаҳри Турини ҷумҳурии Итолиё “Ярмаркаи байналмилалии SLOW FOOD” оид ба ғизои солим баргузор гардид. Бо даъвати масъулини ярмаркаи мазкур намояндаи ҷониби Тоҷикистон аз Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Раҷабов Қутбидин иштирок ва суханронӣ намуд.
Мақсади асосии баргузории “Ярмаркаи Байналмилалии SLOW FOOD”, пеш аз ҳама тарғиби ғизои солими аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дар ин замина таҳкими дӯстии халқҳо ҷиҳати дастгирии саёҳии экологӣ мебошад. Дар ярмаркаи мазкур намояндагони наздики 100 кишвари дунё иштирок намуда, намоишгоҳҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарғибу ташвиқи масъалаҳои экологӣ, саёҳӣ ва истифодабарии устувори захираҳои табиӣ зиёда аз 200 варақаҳои таблиғотӣ дар намоишгоҳ тақсим карда шуд. Аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи табиати Тоҷикистон» бошад дар ярмаркаи мазкур мавзеъҳои саёҳӣ, паркҳои миллӣ, ёдгориҳои табиӣ ва рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғу ташвиқ карда шуд.
Иқдоми мазкур барои ҷалбӣ саёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд, дар мисоли дараи «Қаратоғ»-и ҷумҳурӣ оид ба ҳифз ва истифодабарии устувори намуди «Шоҳ-моҳӣ» - Гулмоҳии амударёии нодире, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 шомил шудааст ва барои барқарор намудани захираҳои моҳии ин макон пешниҳод гаштаас.