Аксияҳои экологӣ баҳри покиву тозагии пойтахт
Ҷиҳати иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёву каналҳо, манбаъҳои обӣ, ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, назди ташкилоту идораҳо, вазоратхонаҳо бо дастури мақомоти назорати давлатии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар соли равон 36 маротиба аксияи “Тозагии соҳил” ва 29 маротиба аксияи “Тозагии маҳал” гузаронид.
Яке аз масъалаҳои афзалиятнок ин тоза нигоҳ доштани ҳудуди шаҳраку маҳалла, назди биноҳои истиқоматӣ, вазорату идораҳо ва назди соҳилу манбаъҳои обӣ маҳсуб мебошад. Ҷиҳати таъмини тозагии пойтахт дар ҳамкорӣ бо Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе аксияҳои экологӣ бо иштироки фаъоли сокинони шаҳраку маҳаллаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ роҳандози гардида истодааст.
Бояд қайд намуд, ки дар ҷараёни баргузории 36 аксияи экологии “Тозагии соҳил”, ки дар соҳили дарёи Варзоб, Душанбе, Лучоб, Кофарниҳон ва ҳудуди каналҳои Говкуш, Чортут, Канали калони Ҳисор, Оқ-қурғон доир гардид, 35017 метри тӯлонӣ соҳили дарёву каналҳо тоза гашта, ба миқдори 3410,5 м3 партовҳои сахти маишӣ тавассути 94 техникаи махсуси соҳаи коммуналӣ ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.
Бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист, тозагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги экологии сокинон Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ин давра дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо 29 маротиба аксияи “Тозагии маҳал”-ро роҳандозӣ намуда, ба миқдори 591,5 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳӣ шаҳрӣ бароварда шуданд.
Дар ин зимн Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини беҳдошти муҳити зист хосатан ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва соҳили дарёву каналҳо чунин аксияҳоро то анҷоми соли ҷорӣ роҳандозӣ намуда, беҳдошти муҳити зистро таъмин намояд.