Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 883
    17.09.2022
    Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар доираи ташаббусҳои созандаи Асосгузори...

    Дар рӯзҳои Истиқлолият сокинони деҳоти Машъали ноҳияи Вахш бо оби полезӣ таъмин шуданд                                                                                    

    фото.jpg

    Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар доираи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамкорӣ бо шарикони рушд, марҳила ба марҳила вусъат ёфта истодааст. Дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии се ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва мавзеи партовгоҳи заҳрхимикат бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии хазинаи Швейтсарӣ оид ба фаъолияти зидди миннаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо об таъмин шуданд.

    Дар ҷараёни ифтитоҳи иншооти обрасонӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ширкат варзида, аҳли деҳотро бо солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфтанд ва таъмини дастрасии сокинонро бо об дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи миллат фоли нек ва туҳфаи арзанда ҳисобиданд.

    Дар мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани иншооти обрасон иштирокдорон атрофи рафъи мушкили норасоии об, дастрасии бештари сокинон ба ин неъмат ибрози назар намуданд. Гуфта шуд, ки бо насб шудани муҳаррики синхронӣ дар мавзеи партовгоҳи заҳрхимикати ноҳия натанҳо садҳо бех дарахтони ороишӣ, гулу гулбуттаҳои атрофи ин мавзеъ шодоб мегардад, балки, сокинони деҳаҳои атроф низ ба оби полезӣ дастрасӣ пайдо мекунанд, ки ин омил дар рушди деҳот, беҳдошти рӯзгори сокинон ва аз ҳама муҳим, таъмин гаштани тозагиву ҳавои атмосферӣ мусоидат мекунад.

    Тибқи иттилои масъулин ҳолати сарсабзу хуррамгардонии мавзеи зикршуда солҳои тӯлонӣ маҳз аз норасоии об аз имкон берун буд. Инак бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ноҳия дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва татбиқи лоиҳа сокинони деҳаҳои се ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо оби полезӣ таъмин шуданд. Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа, шодоб намудани мавзеъҳои ташналаб, таъмини сокинони деҳот бо об низ ба рушди инфрасохтори маҳал ва рӯзгори сокинон нигаронида шудааст.