Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 889
    19.09.2022
    19 сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди...

    Ҷаласаи навбатии Кумита                                                                                    


    19 сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи навбатии ҳафтаинаи Кумита баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи аз 12 то 17 сентябр ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Тибқи тартиби кори ҷаласа, сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти ҳафтаинаи сохторҳо ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.

    Раиси Кумита масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла камфаъолиятии назоратии баъзе шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, рафти иҷрои супоришҳои протоколҳои қаблӣ, амалишавии барномаҳои давлатӣ ва супоришҳои ҳукуматӣ, дигар самтҳои фаъолияти марбутаи соҳавиро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дод. Дар баробари пурсишу масъалагузорӣ ҷиҳати тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани корбарию коргузорӣ ва ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

    Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.