Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 859
    17.09.2022
    Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи Тартиби ҷамъоварӣ...

    Боздид аз вазъи партовгоҳҳои шаҳри Душанбе                                                                                       


    Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи Тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безарар гардонидани партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе” сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи барориши партов, тозагию озодагии шаҳраку маҳаллаҳо аз КВД “Муассисаи партовкашон”-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дидан намуд.

    Дар ҷараёни дида баромадани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, ки бо иштироки масъулини корхонаи воҳиди давлатии партовкашони ноҳияи И.Сомонӣ сурат гирифт, аз нуқтаҳои партовҷамъкунии маҳаллаҳои Чашмасор, Варзоб-ГЭС, Аҳрор Мухторов, кӯчаи Нодира, У.Хайём, Пушкин, Шаббода, М.Турсунзода ва хиёбони Ҳ.Шерозӣ боздид намуда, аз вазъи партовгоҳҳо огоҳ гардиданд.

    Тибқи маълумоти мавҷуда, дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ 322 нуқтаи партовҷамъкунӣ мавҷуд аст, ки мутаносибан -72 адад дар шаҳракҳо, 89 адад дар маҳаллаҳо, 20 адад шахтаҳо ва 141 ададаш ба ташкилоту идораҳо рост меояд. Ҳамчунин, дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ 1373 адад қуттиҳои партовҷамъкунӣ гузошта шудааст.

    Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки баровардани партовҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба майдончаҳои партовчамъкунӣ аз соати 17:00 то 23:00 муқаррар гашта, кашонидани партовҳои сахти маишӣ аз майдончаҳои партовҷамъкунӣ аз тарафи муассисаҳои партовкашон аз соати 04:00 то 08:00 амалӣ карда мешавад.

    Ҳамзамон, ҷиҳати саривақт баровардани партовҳо аз нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, безараргардонии доимии нуқтаҳои партов, таъмиру тозагии гирду атрофи партовгоҳҳо, рангуборкунии қуттиҳои партов, насби навиштаҷотҳо дар партовгоҳ ва баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ ва риояи фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ ба масъулон дастур дод.