Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 790
    08.09.2022
    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандону

    Марҳамат ба маҳфили Эковолонтёрон!                                                                                     


    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандону ризокорони табиатдӯст ва эҷодкорро, ки синнашон 16 – 25 сола ҳастанд, барои баргузор намудани чорабиниҳои муҳитизистӣ, аз қабили баргузор намудани аксияву викторинаҳо барои ҳамкорӣ даъват мекунад.

    Шояд яке аз онҳо ТУ бошӣ!

    Барои гирифтани маълумоти бештар метавонед ба телефони 235-44-30 занг занед. Ва ё метавонед тавассути саҳифаи фейсбукии https://www.facebook.com/tajnature.tj барои қабул ба маҳфили Эковолонтёрон дархост фиристед.

    Саҳифаи фейсбукӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъол аст.