Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 781
    05.09.2022
    5 сентябр бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Конференсияи илмӣ бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ВМКБ                                                                                     

    IMG-20220906-WA0002.jpg

    5 сентябр бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғи ВМКБ конференсияи илмӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони комлекси агросаноатии вилоят ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок доштанд.

    Дар конференсия муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода кулли кормандони агросаноатиро бо фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, аз дастоварду музаффариятҳои ин ҷашни миллӣ ёдовар шуд.

    Сипас, дар конференсияи мазкур масъулони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ иштирок ва оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти мазкур баромад намуданд. Зимни суханронии масъулони соҳавӣ дар вилоят, аз ҷумла оид ба вазъи экологӣ, тоза нигоҳ доштани ҳудудҳои аҳолинишини вилоят, баргузории аксияҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва мусоидат дар зиёдшавии саршумори ҳайвоноти нодир ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи ҳифзи муҳити зист мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорони конференсия қарор дода шуд.