Харидорӣ ва ирсоли беш аз 92 тонна ангишт барои аҳолии ноҳияи Мурғоби ВМКБ бо мақсади ҳифзи ҳайвоноти нодири баландкӯҳ
Бо мақсади таъмин намудани гармӣ ва омода намудани маводи ғизоӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ, аз ҷумла дар ноҳияи Мурғоб дар фасли зимистон аҳолии ингуна минтақаҳо алафҳои куҳиеро ба мисли терескен истифода мебурданд, ки асосан хӯроки ҳайвоноти нодир ба шумор мерафт.
Бинобар ин, аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзу нигоҳдорӣ ва аз фасли зимистон беталаф баровардани ҷонварони нодири кӯҳӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси соҳавӣ барои аҳолии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 92 тоннаю 500 кг ангишт харидорӣ намуда, ба ноҳияи мазкур дастрас карда шуд.
Иқдоми мазкур бо мақсади болозикр ҳамасола роҳандозӣ карда мешавад, ки дар натиҷа ҳайвоноти нодири куҳӣ дар мавзеъҳои мавриди назар рӯ ба афзоиш намуда истодаанд.