Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 623
    01.09.2022
    Рӯзи Дониш дар Филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”...

    Рӯзи Дониш дар Филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”                                                                                   


    Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи дониш сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ. дар Филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” иштирок дошт.

    Пас аз суханони ифтитоҳӣ сараввал Паёми табрикии раиси вилоят ба кулли омӯзгорону донишҷӯён қироат карда шуда, қайд гардид, ки имсол Рӯзи дониш дар арафаи 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, нақши муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълиму тарбияи насли оянда ва рушди маориф бениҳоят арзанда аст.

    Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат эълон гаштани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” ва китоби “Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат” баҳри вусъати фаъолияти наврасон мусоидат менамояд.

    Директори Филиали Донишгоҳ, Садриддинов М.И. бо суханони табрикотӣ баромад намуда, ҳадафи асосии таъсиси Филиали Донишгоҳро баҳри роҳандозӣ намудани Барномаи давлатии рушди саноат барои солҳои 2022-2026 ва татбиқи амалии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, саноат, иқтисодиёт, технологияи иттилоотӣ, коммуникатсия маънидод намуд.

    Рафти чорабинӣ дигар масъулон ва донишҷуёни Донишгоҳ бо эҳсоси ифтихору ватандӯстӣ, худшиносиву арҷгузорӣ ба кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол баромадҳо намуда, зикр намуданд, ки дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ба даст овардани хониши хубу аъло саҳми арзандаи худро мегузоранд.