Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 824
    01.09.2022
    Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат...

    Кумаки моддӣ дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ                                                                               


    Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои ниёзманд ва дигар табақаҳои ба ин гурӯҳ баробар, ба хусус дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ ба ҳукми наъана даромадааст.

    Бо ин мақсад, роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми навбатиро пеш гирифт. Ба фаррошон, ронандаҳо, посбонон, кормандони марказу муаассисаҳои Кумита, дар маҷмуъ ба 120 нафар  кумаки навбатии моддӣ, аз қабили ба ҳар нафар 10 кг орд, 10 кг шакар ва 5 литр равғани ратанӣ расонида шуд.