Семинари ифтитоҳии лоиҳаи ФГЭ/ФАО «Пешбурди ҳифзи гуногунии агробиологӣ барои баланд бардоштани устувории озуқаворӣ ва ғизо дар Тоҷикистон» дар ш.Душанбе доир гардид
Санаи 30 августи соли 2022 аз тарафи Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) семинари муқадимавӣ доир ба муарифии лоиҳаи Фонди Глобалии Экологӣ “Пешбурди ҳифзи гуногунии агробиологӣ барои баланд бардоштани устувории озуқаворӣ ва ғизо дар Тоҷикистон” бо иштироки 50 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғаридавлатӣ ва намояндагони ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа доир гардид.
Дар семинар бо сухани ифтитоҳи муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Қиёмзода Зарафо ва Роҳбари дафтари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) дар Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиев оид ба сиёсати кишвар дар самти ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ, моҳият ва зарурияти ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва сарватҳои генетикӣ дар таъминияти озуқаворӣ ва зарурияти амалӣ намудани лоиҳа суханронӣ намуданд.
Тибқи барномаи семинар мақсаду ҳадафҳо ва натиҷаҳои ниҳоии лоиҳа, ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа, сохтори идоракунӣ ва ҳамшарикону самтҳои ҳамкории онҳо дар лоиҳа аз тарафи директори Марказ ва намояндагони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ тариқи рунамоҳо пешниҳод карда шуданд.
Дар гурӯҳҳои корӣ иштирокдорони семинар доир ба мавзӯҳои имкониятҳо барои иҷроиши лоиҳа, самтҳои фаъолият бо ҳамшарикон, нақш ва масъулияти ҳамшарикон, мушкилотҳо дар соҳаи гуногунии агробиологӣ баррасӣ ва дигар масъалаҳо муҳокима карда шуданд.