Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 557
    23.08.2022
    Масъалаи муомилот бо пластика, ба вижа пакетҳои полиэтиленӣ ё пластикӣ...

    Нақшаи амал барои коҳиш додани партовҳои пластикӣ барои солҳои 2022-2027 дар маркази таваҷҷуҳ

                                                                                 

    20220823_112938-min.jpg

    Масъалаи муомилот бо пластика, ба вижа пакетҳои полиэтиленӣ ё пластикӣ дар маркази таваҷҷуҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зист қарор гирифтааст. Бо мақсади иҷрои Муқаррароти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ бо фармони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби мутахассисони касбӣ, ки ба омӯхтани масъалаи зина ба зина гузариш аз истифодаи борҷомаҳои пластикӣ ба бастабандиҳои аз лиҳози экологӣ безарар машғул ҳастанд, таъсис дода шуд. Дар робита ба ин масъала муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдуқодирхон зимни суханони ифтитоҳиаш дар мизи мудаввар оид ба муҳокимаи Нақшаи амал оид ба коҳиш додани партовҳои пластикӣ барои давраи солҳои 2022–2027, ки 23 августи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Хилтон” баргузор гашт, изҳори назар намуд.

    Ҳамзамон намояндаи Дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе Филиппо Кривери дар назди ҳозирин зимни сухани ифтитоҳиаш аз мубрамияти масъала ёдовар гашт. Аз ҷониби сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумита Наимҷон Наимзода дар бораи ҳадаф ва вазифаҳои Нақшаи амал оид ба коҳиш додани партовҳои пластикӣ барои давраи солҳои 2022-2027, аз ҷониби намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии маҳсулоти пластикӣ», намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Проблемаҳои асосӣ дар соҳаи идоракунии партовҳои пластикӣ» ва сардори Маркази Орхуси Кумита Ҷ.Яқубов дар мавзӯи «Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди партовҳои пластикӣ» маърӯзаҳо бо истифода аз рӯйнамоҳо пешниҳод гардид.

    Баъд аз шунидани маърӯзаҳо намояндагони ташкилоту идораҳои давлатӣ дар бораи таъсис додани як маркази ҳамоҳангсоз баҳри идоракунии партовҳои пластикӣ тасмим гирифтанд.