Баргузории аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Шаҳритус
Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритус, бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва шафати роҳҳои мошингузари ҳудуди ноҳия санаи 20 августи соли ҷорӣ бо ҷалби сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии роҳ”-ро ташкил намуд.
Дар рафти баргузории аксияҳои мазкур зиёда аз 150 нафар сокинони ноҳия ширкат варзида, шафати роҳҳои мошингузари ноҳия, манбаъҳои обӣ ва ҳудуди қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар гуна хасу хошокҳо ва партовҳо тоза карда шуда, партовҳои ҷамъоваришуда дар ҳаҷми 4 м3 ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.
Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритус, дар оянда низ баҳри тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва манбаъҳои обии ноҳия аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта истифода хоҳад бурд.