Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Истаравшан
Тибқи супориши раиси Кумита, ки дар рафти сафари корӣ ба ш.Истаравшан баён гардида буд, аз тарафи кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳр амалиёти назоратӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷаи амалиёт ҳолати хушкшавии навниҳолҳо ва партофтани партовҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин ошкор гардид. Нисбати сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва директори КДФ ХМК-и шаҳр протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 221 ва 232 тартиб дода шуд.
Инчунин санад тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуда, минтақаи мазкур бо иштироки 30 нафар ҳашарчиён ва техника пурра тоза карда шуд.