Баргузории шанбегии дастаҷамъӣ дар Кумита
20 августи соли ҷорӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои дастгоҳи марказии Кумита бо иштироки кормандон шанбегии умумӣ баргузор гардид. Дар рафти баргузории шанбегӣ иштирокдорон ба корҳои тозагиву озодагӣ ва сабзу хуррамгардонии ҳудуди ҷои кори худ машғул гардида, баҳри ободии муҳити зист саҳми худро гузоштанд.
Баргузории чунин шанбегиҳои дастаҷамъона дар мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист низ роҳандозӣ гардида истодааст. Чунин корҳои беҳдошти муҳитизистӣ дар арафаи ҳар як иду ҷашнвораҳои давлатию соҳавӣ ба ҳукми анъана даромада, аксари мардум дар ин чорабиниҳои экологӣ фаъолона иштирок менамояд.