Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 747
    20.08.2022
    20 августи соли равон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати...

    Оғози сохтмони бинои маъмурии Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб                                                                      


    20 августи соли равон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. дар маросими оғози сохтмони бинои маъмурии Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуд.

    Мавсуф зимни суханронии худ дар маросими оғози сохтмони бинои мазкур аз дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, қайд кард, ки таҳти роҳбарии бевосита, супоришу нишондодҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ сиёсати давлатии соҳавӣ, корҳои фаҳмондадиҳиву назоратӣ дар ҷомеа амалӣ гашта истодаанд.

    Дар фазои тантанавии маросими оғози сохтмони иншоот раиси Кумита ба Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб як адад автомашинаи хизматии навъи NISSAN PATROL тақдим намуд.

    Ба шарофати рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ, зиёд шудани корхонаю муассисаҳо ва аҳолии Тоҷикистон, талабот нисбат ба пешбурди назорати давлатии риояи қонунгузории амалкунанда, меъёру қоидаҳои ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ рӯз то рӯз афзуда истодааст қайд намуд зимни суханронии худ Шерализода Б. А.

    Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2021 8 мақомоти соҳавии шаҳру ноҳияҳо соҳиби бинои нави ҳозиразамони маъмурӣ гаштанд, сохтмони 5 биноҳои маъмурии мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо дар давоми соли ҷорӣ идома дорад, ин дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гашта истодааст.

    Тибқи қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 15 сентябри соли 2017 қитъаи замин дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб барои сохтмони бинои маъмурии Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб ҷудо гардидааст.

    Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур, Кумита бо корхонаи лоиҳакашӣ ҶДММ “Аркон” барои иҷрои корҳои лоиҳавию харҷномавии иншооти мазкур шартнома ба имзо расонидааст ва ин кор дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

    Бинои ояндаи Раёсат аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи 1 толори маҷлисгоҳ барои 70 ҷойи нишаст ва осорхона дар бораи ҳайвоноти нодир, ошёнаҳои 2, 3 ва 4 дорои 23-утоқи корӣ ва дар ошёнаи 5 меҳмонхонаи замонавӣ барои пазироии меҳмонон сохта мешавад. Инчунин, дар таҳхонаи бино озмоишгоҳи обуҳавосанҷӣ ташкил хоҳад шуд.

    Пудратчии сохтмон ҶДММ “Дилофрӯз” мебошад. Раиси Кумита ба масъулон дастур дод, то иншоотҳои сохташавандаи сифатнок, ба талаботи меъмории миллӣ ҷавобгӯй сохта шавад.

     IMG_7420-min.JPG  кормандони эклогияи минтака фто-min.jpg  Сохтмончиён бинои навбунёдшаванда-min.jpg  фото санги асос КУЛОБ-min.jpg