Мизи мудаввар дар мавзуи “Идораи самараноки партовҳо ва пластик барои муҳофизати муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
18 августи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе бо мусоидати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо Маркази экологии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, Ташкилоти ҷамъиятии “Илмхона” ва иштироки шарикони рушд, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар доираи мавзуи “Идораи самараноки партовҳо ва пластик барои муҳофизати муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи мизи мудаввар муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А. М. иштирок ва суханронӣ намуд.
Сипас, масъулони сохторҳои Кумита, аз ҷумла муовини сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо Неъматзода Н., муовини сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ Сангов И., масъули Марказии захиравии Орхус дар шаҳри Душанбе Ёқубов Ҷ., муовини директори МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” Нажмиддинов Н., инчунин роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии “Илмхона” Умаров Ф., “Маркази экологии ҷавонон” Скачилов Ю. ва намояндагони Барномаҳои Шведсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон бо маърӯзаву нишон додани рӯйнамоҳо оид ба мавзуъҳои мавриди назар баромад намуданд. Ба хусус дар мизи мудаввар аз ҷониби намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист таҷрибаи ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Гурҷистон оид ба идоракунии партовҳои пластикӣ дар шакли рӯйнамо пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.
Дар қисмати дигари мизи мудаввар байни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, барои иқдоми ҳамгироёна оид ба муомилоти оқилона роҷеъ ба муомилот бо партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ таклифу пешниҳодҳои судманд карда шуд.