Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
16 августи соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумитаи мазкур баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи қаблӣ ва вазифугузориҳо барои ҳафтаи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тибқи тартиби кори ҷаласа, пас аз ифтитоҳи ҷаласа сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти сорхторҳои системаи Кумита ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, оид ба масъалаи дигари кори ҷаласа масъулони гуруҳҳои корӣ сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. ва сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорат Салимзода Ш. оид ба натиҷаҳои санҷиши фаъолияти шашмоҳаи якуми соли ҷории Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб ва сохторҳои тобеи онҳо ҳисобот доданд.
Муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. оид ба масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти назоратӣ ва дигар самтҳои марбутаи соҳавӣ изҳори назар намуда, дар баробари пурсишу масъалагузорӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дод.
Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби муовини якуми раиси Кумита додашуда қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.