Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 745
    12.08.2022
    Дар асоси супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии...

    Баргузории аксияи “Тозагии соҳил” дар ВМКБ

    20220806_090416-min.jpg

    Дар асоси супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои нақша-чорабиниҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ дар ҳудуди вилоят аксияи “Тозаги соҳил” баргузор гардид.

    Аксияи мазкур дар хиёбони Шириншо Шоҳтемури маҳалаи Селхозтехника то даромадгоҳи шаҳри Хоруғ баргузор гардида, беш аз 1000 нафар иштироки фаъол намуданд.

    Дар рафти аксия иштирокдорон ба тоза намудани каналу ҷӯйборҳо аз партовҳои сахти маишӣ ба масофаи 6 км машғул шуда, дар натиҷа 35м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва бо истифода аз 3 адад техникаҳои боркаш ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.