Корҳои ободонӣ дар шаҳри Ҳисор
Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, 13 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор дар ҳудуди шаҳр корҳои ободонӣ ва аксияҳои экологӣ ташкил ва баргузор гардид.
Дар аксияҳои мазкур беш аз 350 нафар кормандони касбу кори гуногун, сокинони ҷамоатҳо ва мутахассисони шуъба фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷониби иштирокчиёни аксия, роҳҳои байникучавӣ таъмир шуда, ба тоза намудани атрофи биноҳои маъмурӣ, кӯчаҳои аҳолинишин, ду қисмати роҳи автомагистралӣ ва соҳилҳои дарёҳо, каналҳо ва ҷӯйҳои обгузар машғул шуданд. Дар натиҷа 4.8м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва бо ҷалби ду адад техникаҳои боркаш ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуданд.
Ҳадаф аз ҷалб намудани сокинон дар маъракаҳои экологӣ, ин баланд бардоштани маърифати экологии сокинони шаҳр мебошад.