Баргузории аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Нуробод
Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Нуробод тибқи нақшаи корӣ бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи равон дар ҳудуди ноҳияи мазкур аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти иҷрои аксияи «Тозагии маҳал-2022» дар ҳудуди кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳияи Нуробод беш аз 200 нафар сокинон фаъолона иштирок намуда, дар маҷмӯъ 1,8 м3 партовҳо ҷаъмоварӣ ва ба партовгоҳи асосии ноҳия интиқол дода шуданд.
Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ 3 адад техникаҳои борбардору боркаш ба корҳои тозагию ободонии ноҳия сафарбар карда шуданд.
Чунин корҳои ободонию поккорӣ баҳри беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷамоатҳои шаҳраки деҳоти ноҳия бо ҷалби шумораи зиёди аҳолӣ, аз ҷумла кормандони ташкилоту муассисаҳо ва идораву коргоҳҳо баргузор карда шуд.