Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 861
    11.08.2022
    Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат...

    Иқдоми Кумита баҳри  беҳдошти вазъи экологӣ дар ноҳияи Мастчоҳ                                                                   


    Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ, беҳбудии ҳолати экологии ноҳияи Мастчоҳ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва беҳтар намудани шароити кории мутахассисони соҳа бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад нақлиёти тамғаи “Портер”, 40 адад қуттиҳои махсуси ҷамъоварии партовҳо ва 2 адад скутер ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Мастчоҳ тақдим карда шуд.

    Санаи 11 августи соли равон бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А., раиси ноҳияи Мастчоҳ Ализода А. ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А. Қ. маросими супоридани нақлиёт барои кашонидани партов ва қуттиҳои махсуси ҷамъоварии партовҳо ба Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и н.Мастчоҳ баргузор гардид.

    Зимни суханронӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. ин иқдоми наҷиби пешгирифтаро самараи таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист арзёбӣ намуд.

     FB_IMG_1660210380412.jpg  IMG-20220811-WA0017.jpg  IMG-20220811-WA0043.jpg  IMG-20220811-WA0035.jpg