Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 873
    10.08.2022
    Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022...

    Ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан                                                                 


    Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вусъати тоза мегирад.

    Дар пайи ин ҳама омодагиҳо санаи 10 августи соли 2022 бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А., раиси Суди Конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода А. А. ва муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар бинои маъмурии бахши муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ифтитоҳ гардид.

    Сохтмони бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан соли 2020 оғоз ёфта, фармошгари он Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корҳои лоиҳакаширо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аркон» ва корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Манзили Кӯҳистон» ба итмом расониданд.

    Майдони умумии ҷудогардида 412 метри мураббаъ буда, бино аз се ошёна иборат мебошад.

    Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқҳои корӣ ҷойгир карда шудаанд. Маҷлисгоҳ 25 ҷойи нишаст дошта, китобхона барои 1000 адад китобҳои адабиёти гуногун ва бо компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар он китобхонаи шакли электронӣ насб гардидааст.

    Дар ошёнаи дуюм - қабулгоҳ ва 5 адад утоқҳои корӣ барои кормандон ҷойгир буда, ҳамаи онҳо бо лавозимотҳои зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон, аз он ҷумла 4 адад компютер ва принтер таҷҳизонида шудааст.

    Ошёнаи сеюм ҳамчун меҳмонхона барои кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист аз чор ҳуҷра иборат мебошад. Ҳуҷраҳо бо ҷойи хоб барои қабул ва ҷойгиронии 8 нафар омода гардида, бо ҳамаи лавозимотҳои зарурӣ таъмин карда шудааст. Дар ҳар як ошёна нуқтаи санитарӣ – гигиенӣ мавҷуд аст.

    Маблағгузории пурраи сохтмони бино ва хариди таҷҳизот аз ҳисоби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштааст.

    Раиси Кумита зимни суханронии худ қайд намуд, ки фаъолияти корӣ дар чунин бинои замонавӣ, истифодабарии техникаи компютерӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда кормандони соҳаро водор месозад, ки вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланди шаҳрвандию касбӣ иҷро карда, дар пешрафти минбаъдаи шаҳр саҳми арзандаи худро гузоранд. 

     изображение_viber_2022-08-11_10-40-55-023.jpg  изображение_viber_2022-08-11_10-40-55-640.jpg  изображение_viber_2022-08-11_10-40-43-559.jpg  изображение_viber_2022-08-11_10-40-51-644.jpg  изображение_viber_2022-08-11_10-40-51-773.jpg