Озмоишгоҳи сайёри экологӣ ба Саррёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи таҳлиливу ташхисии Саррёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон озмоишгоҳи сайёри экологӣ оид ба муайян намудани таркиби сифатии ҳавои атмосфера дастрас гардид.
Зимни тақдими озмоишгоҳи сайёри экологӣ, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо иштирок намуда, изҳор намуд, ки аз ин пас мутахассисони шуъбаи ташхисӣ оид ба ифлосшавии ҳавои атмосферӣ метавонанд аз ҳисоби манбаъҳои доимии ифлоскунанда ва манбаъҳои ҳаракаткунандаи дараҷаи партовиши партовҳои газиро ба ҳавои атмосфера бо ин озмоишгоҳи сайёр муайн созанд.
Дохили озмоишгоҳи сайёри экологӣ оид ба муайян намудани таркиби сифати ҳавои атмосфера бо таҷҳизотҳои муосири техналогияи нав таҷҳизонида шудааст.
Мирзохонов Ҷӯрабек сардори шуъбаи таҳлиливу ташхисӣ ва экпертизаи экологии Саррёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки озмоишгоҳи сайёри экологӣ аз рӯи 5 нишондиҳанда муайян мекунанд. Аз ҷумла муайян кардани дараҷаи ифлосшавӣ аз рӯи газҳои оксиди карбон, андигриди сулфур, оксиди нитроген, карбогидридҳо ва дуда санҷидаву муайян карда мешавад.