Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 865
    30.07.2022
    Дар ноҳияи Вахш бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист...

    Баргузории аксияи "Тозагии маҳал" дар ноҳияи Вахш                                                                 

    АЗ РАФТИ АКСИЯ.jpg

    Дар ноҳияи Вахш бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист, дар марказ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати иҷрои нақша-чорабниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии кишвар аксияи экологии "Тозагии маҳал" гузаронида шуд, ки дар он сокинон, кормандони касбу кори гуногун ва дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрванди ширкат намуданд.

    Аз рӯи тартиб иштироккунандагони ин чорабинии оммавӣ ба тоза кардани шафати роҳ, ҷӯйборҳои обгузар, назди ташкилоту муассисаҳо ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ машғул гардида, ҳиссаи арзандаи худро дар беҳдошти муҳити зист гузоштанд.

    Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Вахш Манучеҳр Маҳмадзода дар зимни суҳбат хабар дод, ки мақсад аз роҳандозӣ намудани аксияи "Тозагии маҳал" дар тақвияти маърифати экологии сокинон, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи табиатдустӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва амалишавии нақша-чорабиниҳои марбут ба Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ноҳия мебошад.