Аксияи "Тозагии маҳал" дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Тибқи нақша-чорабниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни таърихии миллат 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии мамлакат аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маркази ноҳия, қад- қади шоҳроҳои ноҳияи болозикр аксияи экологии "Тозагии маҳал" доир карда шуд.
Дар ин тадбири экологӣ шаҳрвандон, кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ҳиссаи арзандаи худро дар тозаву озодагии муҳити зист гузоштанд.
Дар рафти гузаронидани аксия 300-нафар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуда, 30 метри мукааб партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуданд.
Чунин тадбирҳои экологӣ ҳар ҳафта пайваста дар ҳудуди ҷамоату деҳот, шаҳрак ва шоҳроҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайваста анҷом дода мешавад, изҳор доштанд масъулини соҳа.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, тозагӣ, сарсабзиву хуррамӣ ва дар маҷмуъ беҳдошти ҳифзи муҳити зист аз масъулият ва маърифати экологии сокинон вобастагии амиқ дорад.
Сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол эҳсос мекунанд, ки тозаву озода нигоҳ доштани макони зисти худ, гӯшаи ноободеро ба гулистон табдил додан ва муносибати ғамхорона ба олами набототу ҳайвонот аз муҳимтарини рукнҳои дӯстдорию эҳтиромгузорӣ ба Ватан-модар аст.