Тасдиқи нақшаи гул ва ниҳолшинонӣ дар Душанбе
Тибқи маълумоти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 06 июни соли 2022, №275 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе” мавриди амал қарор дода шуд.
Мутобиқ ба нақшаи тасдиқшуда дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 193499 бех ниҳол, аз ҷумла, 54868 бех дарахти сояафкан, 61947 бех дарахти ороишӣ, 13061 бех дарахти буттагӣ ва 63623 бех дарахти мевадиҳанда шинонида мешавад.
Бо мақсади таъмини сарсабзию хуррамгардонӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ дар мавсими тирамоҳ ва баҳор ба миқдори умумии 13147315 адад гул шинонида мешавад, ки аз ин 6761700 адад гулҳои мавсимӣ, 4233985 адад гули бисёрсола ва 2151630 адад гули лола мебошад.
Гузашта аз ин, баҳри сарсабз нигоҳдории муҳити атроф дар қитъаҳои махсус дар майдони 98199,2 м2 сабзазор кишт карда мешавад.