Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж ба шаффофияти густурдаи сохторӣ мегузарад
Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж ба шаффофияти густурдаи сохторӣ мегузарад. Бо мақсади дастгирии кишвар дар омодагӣ ба гузариш ба шаффофияти сохторӣ аз ҷониби ФАО лоиҳаи нав таҳия шудааст.
Барои амалигардонии лоиҳаи ФАО оид ба баланд бардоштани фаъолияти иқтидори миллӣ дар Тоҷикистон, ки ба таъмини шаффофият мутобиқ бо афзалиятҳои миллӣ равона гардидааст, маблағгузорӣ аз Хазинаи глобалии экологӣ (GEF) дар ҳоли ҳозир интизор меравад.
Ҳадафи лоиҳа аз мусоидат намудан ба ҳукумат, бахши хусусӣ ва доираҳои илмӣ дар такмил додани воситаҳои ҳисоботдиҳии онҳо тавассути татбиқи баҳисобгирии (кадастр)-и муосири сарчашмаҳои партовҳо ва хориҷшавӣ, бо дарназардошти роҳнамоии Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим, ҳамзамон гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ ва расондани кумаки зарурӣ барои ноилгардии пешравӣ дар шаффофият густурдаи сохторӣ иборат аст.
Муҳокимаи пешниҳоди лоиҳа аз ҷаласаи ҷонибҳои манфиатдор, ки 3 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, оғоз гардид. Иштирокчиёни дар таҳияи лоиҳа ҷалбгардида, инчунин роҳҳои рушди ҳамкорӣ бо шарикони гуногунро баррасӣ намуданд. Дар чорабинӣ мутахассисони ФАО, масъулини Агентии обуҳавошиносӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, дигар вазоратҳои дахлдор, Академияи миллии илмҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони сектори хусусӣ иштирок намуданд.
Созишномаи Париж барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он равона гардидааст. Тоҷикистон бо имзои ин санад дар қатори дигар кишварҳо уҳдадор шудааст, ки болоравии ҳарорати миёнаи ҷаҳонро дар сатҳи хеле поинтар аз 2 дараҷа нигоҳ дорад.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, ҳар як кишвар ӯҳдадориҳои инфиродии иқлимиро, ки таҳти унвони Саҳми муайяншуда дар сатҳи миллӣ номгузорӣ шудааст, таҳия кардааст. Ин ҳуҷҷатҳо кӯшишҳои кишварҳои алоҳидаро барои коҳиш додани партовҳо дар сатҳи миллӣ ва мутобиқ шудан ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим инъикос мекунанд. Илова бар ин, дар Созишномаи Париж муқаррароти дигаре низ мавҷуданд, ки ба коҳиш додани тағйирёбии иқлим ва танзими мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим марбутанд.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷиҳати расондани кумак ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар талошҳояшон барои коҳишдиҳӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути фароҳам овардани асос барои гузаронидани мониторинги шаффоф, ҳисоботдиҳӣ ва ноилшавии фаврии ҳадафҳои кишварҳо дар самти иқлим ба ризоият расиданд.
Лоиҳа оид ба таҳкими тавонмандӣ (иқтидор) барои таъмини шаффофият (CBIT) дар доираи Стратегияи GEF-7 нисбати коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим барои дастгирии лоиҳаҳое, ки иқтидори институтсионалӣ ва техникӣ ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи шаффофияти Созишномаи Париж равона гардидаанд, саҳм мегузорад. CBIT кӯшиш менамояд:
• Институтҳои миллиро барои таъмини шаффофият мутобиқи афзалиятҳои миллӣ тақвият бахшад;
• Василаҳои дахлдор, омӯзиш ва кумакро барои иҷроиши муқаррарот, ки дар моддаи 13 Созишнома омадааст, пешниҳод намояд;
• Бо гузашти вақт ба болоравии шаффофият мусоидат намояд.