Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 990
    01.08.2022
    1 августи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти...

    Дар ҷаласаи назоратии раиси Кумита                                                           

    IMG_6634.jpg

    1 августи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласа баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар моҳи июли соли равон ва вазифаҳо барои моҳи август мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

    Тибқи тартиби кори ҷаласа, пас аз ифтитоҳ сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти моҳи июл оид ба сохторҳо ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.

    Ҳамзамон, оид ба рафти иҷрои мактубҳо ва дигар супоришҳои протоколӣ сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Салимзода Ш. ҳисобот дод.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти назоратӣ ва дигар самтҳои марбутаи соҳавиро мавриди таҳлил қарор дода, дар баробари пурсишу масъалагузорӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.

    Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.