Баргузории аксияи “Тозагии маҳал” дар шаҳри Бохтар
Дар асоси нақша - чорабниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор, ҷалби ҷавонони фаъол дар маҳаллаи Ҷалилов-и шаҳр аксияи “Тозагии маҳал” доир карда шуд.
Дар рафти гузаронидани аксияи болозикр 150- нафар сокинони касбу кори гуногун аз ҷумла ҷавонони фаъол иштирок намуда, 20 метри мукааб партов бароварда шуд.
Халилзода Шамсиддин мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар зимни суҳбат иттилоъ дод, ки чунин тадбирҳои экологӣ ҳар ҳафта дар маҳалла ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дарназар дошта шудааст.