Вохӯрии раиси Кумита бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 июли соли ҷорӣ дар бинои Кумита вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зеки Карагёл баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ миёни тарафҳо масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва муомилот бо партовҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаноби Эмре Зеки Карагёл раиси Кумитаро оид ба навовариҳо дар ин самт дар Ҷумҳурии Туркия, алалхусус оид ба ташаббуси хонум Эмине Эрдоған оид ба лоиҳаи "Сифр партов" маълумот дод.
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дар якҷоягӣ масъалаи мубодилаи сафарҳои омӯзиширо дар сатҳи техникӣ ҷиҳати пурзӯр намудани иқтидори ҳамкорӣ ба роҳ монда, ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар охири вохӯрӣ Шерализода Баҳодур ба Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Эмре Зеки Карагёл барои саҳми пурарзиш дар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳо, алалхусус дар самти ҳифзи муҳити зист миннатдории худро баён намуд.