Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1024
    25.07.2022
    Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят...

    Нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд                                                       

    IMG_20220725_114213.jpg

    Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 25 июли соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият нимсолаи якуми соли 2022 доир гардид.

    Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Кайҳон», «Тирози ҷаҳон», «Соҳил», «Набзи рӯз», оҷонсиҳои иттилоотии «Озодӣ», «Сугднюс»,«Спутник»,телевизионҳои ШТР «Азия», СМ-1, Танин, «Диёр», «Сафина», «Синамо», «7 Ситора» дар маҷмӯъ 26 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи якуми соли 2022 дастрас гардид.

    Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба ҳолати партовгоҳҳо, бунёди корхонаҳои коркарди партов, бартараф намудани партовҳои бесоҳиб, баргузории аксияҳое, ки барои беҳбудии ҳолати экологӣ равона гардидааст, муаммои бӯи ғализ дар маҳаллаҳои 3, 8, 12 ш.Хуҷанд ва чораҳои андешида баҳри бартараф намудани он, ошкор гардидани ҳолатҳои ифлосшавии об дар нимсолаи якум ва тадбирҳои андешидашуда, ҷойгиронии қуттиҳои партов дар кв .Баҳор, сабабу омилҳои хушкшавии дарахтон дар микроноҳияи 12-и дар шаҳри Хуҷанд ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.