Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 959
    25.07.2022
    25 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумита...

    Маҷлиси ҳарҳафтаинаи Кумита                                                                     


    25 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи аз 18 то 22 июли соли равон ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

    Тибқи тартиби кори ҷаласа, сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти ҳафтаинаи сорхторҳо ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.

    Муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла натиҷаи фаъолияти назоратӣ ва дигар самтҳои марбутаи соҳавиро мавриди таҳлил қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

    Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби муовини якуми раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.