Мулоқоти раиси Кумита бо раиси 76-ум иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ
19 июли соли 2022 мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо ҷаноби Абдулло Шаҳид, раиси иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир гардид. Дар вохӯрӣ оид ба чолишҳои ҷаҳонӣ дар самти муҳити зист ва таъсири тағйирёбии иқлим дар татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор табодули назар сурат гирифт.
Бояд қайд намуд, ки зимни вохӯрии мазкур муҳтарам Шерализода Баҳодур вобаста ба таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон ва оид ба чораҳои андешидашудаи кишвар дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба иқлим маълумот дод.
Ҳамзамон, мавриди зикр аст, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, аз ҷумла иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва бунёди Фонди байналмилалии пиряхҳо таъкид намуданд.