Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 753
    12.07.2022
    Тибқи  иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Муваффақияти Тоҷикистон дар ҳифзи Морхур, ки ба Китоби сурх шомил шудааст дар маҷаллаи бонуфузи Кембриҷ қайд гаштанд                                                       


    Тибқи  иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 июн маҷаллаи Кембриҷи Англия бо номи “Орикс” матлаберо таҳти унвони “Мониторинги Морхур (Capra falconeri) дар Тоҷикистон аз беҳбудии популятсияи он шаҳодат медиҳад” нашр кард.

    Муаллифони ин мақола мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин гурӯҳи коршиносони Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) мебошанд, ки солҳои 2021 ва 2022 аз Тоҷикистон дидан кардаанд. Ҳадафи бозид ин буд, ки таҷрибаю малакаи онҳо дар бобати нигоҳ доштани ин намуди ҳайвоноти нодири ба Китоби сурх воридгашта омӯхта шавад. Дар рафти баргузории семинару машғулиятҳо ва бевосита корҳои саҳроӣ (баҳисобгирӣ) муайян карда шуд, ки дар ҷумҳурии мо афзоиши мунтазами ин намуди ҳайвоноти нодир мушоҳида карда мешавад.

    Дар мақола қайд карда шудааст, ки Морхур (Capra falconeri) дар Китоби сурхи ИБҲТ ва инчунин Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳайвони зери хатари нобудшавӣ қарордошта қайд гаштааст. Дар баҳисобгирии ин ҳайвони нодир пурсиш мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ ва дигарон иштирок намуданд.

     IMG_4742.JPG  photo_2022-07-12_16-58-27.jpg  IMG_4743.JPG