Маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
18 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З. С. ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаина баргузор гардид. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи аз 4 то 16 июли соли равон ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тибқи тартиби кори ҷаласа, пас аз ифтитоҳ сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти дуҳафтаинаи сорхторҳо ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.
Муовини якуми раиси Кумита аз ҳар як сардорони воҳидҳои сохторӣ оид ба иҷрои супоришҳои протоколҳои дар ҳафтаҳои қаблӣ додашуда ва фаъолияти самтҳои масъулон пурсон шуда, барои ҳафтаи оянда супоришҳои навбатӣ дод.
Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби муовини якуми раиси Кумита додашуда, қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.