Чораҳои амалӣ оид ба пешгирии қонунвайронкунии самтҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор
Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар самтҳои ҳифзи муҳити зист чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, ҳафтаи сипаришуда ҷиҳати таъсири манфӣ расонидан ба муҳити зист нисбати 1 нафар сокини деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Алмосӣ, ки аз ҷониби ӯ 6 бех дарахти навъи сафедор бурида шудааст, чораҳои маъмурӣ андешида шуд.
Ҳарчанд корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мутахассисони шуъбаи мазкур дар байни табақаҳои гуногунӣ аҳолӣ гузаронида мешаванд, бо вуҷуди ин қонуншиканиҳо баъзан вақт ба назар мерасанд.