Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 707
    04.07.2022
    Санаи 4 июли соли равон дар толори Раёсати хоҷагии об ва замини вилоят...

    Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон                                                     

    дигар сурат аз рафти чаласаи чамбасти шашмох дар хатлон.jpg

    Санаи 4 июли соли равон дар толори Раёсати хоҷагии об ва замини вилоят бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон вобаста ба фаъолияти шашмоҳаи якуми соли 2022 ҷаласаи корӣ доир шуд, ки дар он кормадони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.

    Сардори Сарраёсат Мусозода Шодӣ аз натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи Сарраёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру навоҳии вилоят ҳисобот пешниҳод кард. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷори ба миқдори 1908 санҷиш аз ҷумла 95 санҷишҳои нақшавӣ ва 1813 амалётҳои назорати давлатӣ гузаронида, барои ҷой доштани камбудиҳо ва беҳ гардонидани вазъи экологии иншоотҳои санҷидашуда 3593 пешниҳодҳо дода, аз онҳо 2798 пешниҳодҳои дода шуда, иҷро гардидаанд.

    Дар идомаи ҷаласа мудирони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Норак, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Хуросон, ва Дӯстӣ оид ба фаъолияти шашмоҳаи худ ҳисобот пешниҳод намуданд.

    Дар интиҳо бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2022 муовини якуми раис Қиёмзода З. С. баромад намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии вазифаҳои ҳатмии хизматӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони соҳа дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.