Ҷаласаи корӣ баҳри амалӣ гаштани нақшаву ниятҳои созанда
12 - июли соли 2022 дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ҷиҳати амалӣ гаштани як қатор супориш ва нақша чорабиниҳое, ки зимни ҷаласаи ҳисоботии нимсолаи якуми соли ҷории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шудан ва инчунин баҳри амалигаштани нақшаву ниятҳои созандаи худи Сарраёсат, ҷаласаи кори дорӣ гардид, ки дар он мудирони шуъбаву бахшҳои Сарраёсат ва ҳамчунин шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят буда фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи корӣ сардори Сарраёсат Мусозода Шодӣ баромад намуда, изҳор дошт, ки баҳри амалӣ гаштани ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаруз дида бештар кор дар соҳа ҷоннок карда шавад.
Гуфта шуд, ки нақшаи пардохтҳо, баланд бардоштани таъмини амнияти экологии аҳолӣ тақвияти маърифати экологии аҳолӣ ва дар ин замина дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб доир намудани аксияҳо ва суҳбату вохӯриҳо миёни ҷомеаи имрӯза доир карда шавад.
Дар охир зикр гардид, ки имсол дар остонаи ҷашни таърихии миллат 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва бояд бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ин ҷашни пуршукӯҳро истиқбол гирем.